«ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!».

Шинонидани дарахт, бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист дар баробари номи нек гузоштан ба фарзанд ва тарбияи он яке аз суннатҳои беҳтарини мардуми мост.
Санаи 28 ноябри соли 2020 дар робита ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Аҳрор Мухтори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ниҳоли навъи ҳамешасабзи санавбар (сосна) шинонида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.
Сабзазоркунии боғу гулгаштҳо, хиёбону кӯча ва гулбоғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Дарахту буттаҳои сабз барои инсон муҳити мусоиди зист фароҳам оварда, шароити меҳнат ва истироҳати аҳолии шаҳрро беҳтар мегардонанд.