Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистона дар шаҳри Ҳисор ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл
18.09.2020 12:49, шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншоот дорои 700 ҷойи нишаст буда, он барои баргузории тӯйю маъракаҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои гуногун пешибинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар он ҷиҳати қабули сайёҳону истироҳати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншоот дорои боғи муҳташами зимистона буда, дар дохили он гулу буттаҳои нодир ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дохили боғи зимистона дорои беш аз 7000 дарахти нодир мебошад, ки асосан аз кишварҳои аврупоӣ ворид гардидааст. Ин дарахтон дар баробари зебу зинати хоса доштанашон, ҳамчунин ба саломатии фароғаткунандагон низ фоидаовар мебошад.
Гирду атрофи боғ бошад, бо зиёда аз 4500 бех дарахти сояафкан оро ёфта, ҳамчунин иншоотро 105 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд.
Бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда сокинону меҳмонон дар тамоми фасли сол метавонанд дар иҳотаи табиати зебову сабз истироҳати худро хубу хотирмон сипарӣ намоянд. Дохили боғи зимистона бо мизу курсӣ таъмин буда, ҳамчунин роҳраву гӯшаҳои он бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои муосир оро ёфтааст.
Дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии зимистонаи “Шаршара” барои хурдсолон низ толорҳои алоҳидаи бозӣ ташкил гардида, бо дастгоҳҳои дилхушӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Иброз гардид, ки дар иншооти мазкур 65 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Дар маҷмаа бо санъати баланд барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳамчунин мизоҷон метавонанд мувофиқи хоҳиши худ таомҳои аврупоӣ низ фармоиш диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур ҳамчунин дорои 10 ҳуҷраи алоҳида буда, ҳар кадоми он имконият дорад дар як вақт 12 нафарро қабул намуда, хӯрокҳои болаззати милливу аврупоӣ пешкаш намояд.
Барои гузаронидани чорабинӣ ва тӯйю маъракаҳо дар маҷмааи мазкур ду толори барҳаво бо 160 ва 65 нафар бунёд ёфтааст.
Девор ва гирду атрофи иншоот пурра бо сангҳои маҳаллӣ оро ёфта, дар он табиати зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон акс ёфтаанд, ки бешубҳа диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб хоҳад кард.
Дар саҳни маҷмаа шаршараи муҳташам ва фаввораи зебо бунёд ёфта, барои фароғати мизоҷон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо насб гардидааст.
Дар дохили боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ҳамчунин як майдончаи варзишӣ барои дӯстдорони волейболу футбол сохта шудааст.
Иншооти нав дорои таваққуфгоҳ бо 150 ҷой буда, роҳрав ва гирду атрофи он пурра сафолакпӯш гардидааст.
Хусусан шомгоҳон ин мавзеъ ҳусни нотакрор дорад. Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба намои берунаи он дар вақти шомгоҳон диққати хоса зоҳир гардида, дар ин доира бо истифода аз санъати баланди меъмориву шаҳрсозӣ маҷмааи мазкур бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара” дар доираи Нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” низ мусоидат хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 767 иншоот бунёд хоҳад шуд, ки онҳо ба рушди бахшҳои гуногун равона гардидааст.
Боғи мазкур бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамшуда дар бахши сайёҳӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсена” бунёд гардида, масоҳати умумии он 3,5 гектарро дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми як соли минбаъда фаъолияти маҷмаа густариш ёфта, дар дохили он иншооти нав бунёд хоҳад ёфт.
Президенти мамлакат зимни боздид чунин ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятими кулли шаҳри Ҳисор мулоқот намуда, ба онҳо сару либос ва дигар ҷиҳози хониш ҳадя карданд.
Зимни суҳбати самимӣ барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ кӯдакон ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар ин баробар, мулоқоту вохӯриҳои пайвастаи Сарвари давлат кӯдаконро рӯҳбаланд намуда, ба сӯйи омӯзиши илму дониш ва технологияҳои муосир ҳидоят хоҳад кард.
Аснони суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, ҳамин тавр минбаъд низ тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд, то ин ки чунин нафарон дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор нагарданд.
Роҳбари давлат ба кӯдакон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои сайқали донишу малакаи худ саъй намуда, ҳамчун шахсони боистеъдоди пешбарандаи бахшҳои гуногуни мамлакат ба воя расанд.