Таҷлили “Иди Модар” дар Кумита
Рӯзи 6 марти соли равон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷамъомади идона бахшида ба “Рӯзи модарон” баргузор гардид. Раиси Кумита бонувони Кумитаро бо идашон табрику таҳният намуда, аз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” асос гирифта, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мавқеи волои занону духтарон дурбинонаву хирадмандона изҳори андеша намуда, бо такя ва нерӯи созандаи занҳо чунин баён доштанд: “Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳайёт мебахшад”.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин рӯз дар кишвари мо амри тасодуфӣ набуда, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.
Дар фарҷом ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.