Конститутсия таъмини волоияти қонун
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар оғози суханронӣ Раиси Кумита Қосим Роҳбар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда кормандони Кумитаро ба ин санаи фархунда табрик гуфт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоботи мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик мебошад хотиррасон намуд , Раиси Кумита Қосим Роҳбар.
Инчунин дар ҷаласа Раиси Кумита аз рафти иҷрои банди 34 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019,№АП-1176”Дар бораи солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки масъули ин чорабиниҳо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштааст, ёдовар шуд.
Ҳадаф аз ин боз ҳам обод кардани Ватанамон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Кормандони Кумита корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳиятони Бадахшон вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ба роҳ монанд.