Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар Шуғнон

10.10.2019

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, як гурӯҳ кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Қосим Роҳбар дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳузур доранд.

Санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарии Раиси Кумита муҳтарам Қосим Роҳбар ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо,  фарҳанг, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  кумитаҳои ҳолатҳои фавқуллода, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он,  фаъолони ноҳияи Шуғнон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур асосан ду масъала «Раванди амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар ноҳияи Шуғнон ва «Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар нуҳмоҳаи  соли 2019 » мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якум истифода аз тахтаи электронӣ  Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар  оид ба  вазъи иҷрои марҳилавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хоричӣ” дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва дар мавзуъҳои рушди соҳаи соҳибкорӣ,вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди сайёҳӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби тоза, рушди варзиш ва ҷавонон, гендерӣ суханронӣ намуда иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуд.

Сипас Раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз ва Раиси Вилоят Ёдгор Файзов вобаста ба мавзуи матраҳгардида андешаҳои худро баён намуда,  дар мавриди беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва норасоиҳо дар ин самт гуфта гузашта, роҳҳои бартараф намудани онро  пешниҳод намуданд.

Баъд аз маърузаи таҳлилии раиси Кумита  дигар иштирокчиёни ҷаласа низ андешаҳои худро дар мавриди беҳтар гардидани нақшаҳои пешбинишуда изҳор намуданд. Дар хотимаи ҷаласа Раиси Кумита Қосим Роҳбар барои ҳамкорӣ ва муҳайё кардани шароити корӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи сайёр ба роҳбарияти ноҳияи Шуғнон  ва ВМКБ   изҳори сипос намуд.