Кумитаи рушди маҳал дар Бадахшон
07.10.2019.
Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.09.2019, №3174(24-2) дар мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардидани ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, як гурӯҳ кормандони Кумитаи рушди маҳал ба ноҳияи Шуғнон сафар намуданд.
Дар ҷаласаи пешбинишуда такмили низоми идоракунии маҳаллӣ дар асоси натиҷаи омӯзиши рафти татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди муҳокима қарор мегирад.