Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин оғоз шуд
Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо эълон гардид.
Ин тасмим бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегардад.
Ҷаласае, ки дар Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид, сари ин масъала Раиси Кумита Қосим Роҳбар баромад намуда, чунин гуфт: «Баргузории чунин як озмун бо мақсади вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, рушди инфрасохтори деҳот, таъминот бо оби нӯшокӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборат мебошад, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад».
Бояд зикр намуд, ки барои баргузории озмун Низомномаи он аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ ирсол гардида, ҳамасола ҷамъбасти озмун дар маҷлисҳои солонаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мукофотонидани ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулӣ гузаронида мешавад.