Табрикоти Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосим Роҳбар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кормандони азиз!
«Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Ин суханонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ изҳор доштаанд.
Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул кардем.
Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Дар ин раванд, соли 2011 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Мехоҳам ин лаҳзаҳо бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлатро маҳз тавассути парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад.
Мову шумо доимо мушоҳида мекунем, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад.
Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба воҷаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.
Ҳамзамон бо ин, тамоми кормандонро зарур аст, ки тарзи эҳтиром ва расидан ба қадри ин муқаддасоти миллиро хуб донанд ва мувофиқ ба он рафтор намоянд.
Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.
Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ ҳамеша мояи ифтихори ватандории тоҷикон бошад!
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беғубори кишварамон то абад парафшон бошад!
Чанде қабл шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надошт, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат — нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди нерӯгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд.
Зеро «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».
Оғози кори «Роғун» — кохи бузурги нур, шарти пешрафти устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат муборак бошад!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, кормандони азиз!