Конференсияи байниминтақавӣ таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №200 тасдиқ гардидааст, конференсияи байниминтақавӣ таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” рӯзҳои 18-20 октябри соли 2018, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, сайёҳӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ баргузор намуд.

Гурӯҳи намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниёзматов Баҳром Бахтиёрович роҳбарӣ намуда, мутахассисони иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва сайёҳии ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конференсия фаъолона иштирок намуданд.

Конференсияи мазкурро Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосим Роҳбар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ шинос намуд.

Сипас кори конференсия ба 3 сексия ҷудо гардида, дар сексияи якум сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрон Абдулло дар мавзӯи “Қонунгузорӣ оид ба мақомоти худидоракунӣ ва саҳми он дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ” баромад намуд. Инчунин муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад намуданд.

Сексияи дуюмро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин дар мавзӯи “Ҷорӣ намудани ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, муаррифии имкониятҳои сармоягузории тарафайн ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, инчунин муҳокимаи мавзӯи ифтитоҳи бозорҳои наздисарҳадӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” пешбарӣ мекард. Вобаста ба мавзўи мазкур, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад намуданд.

Кори сексияи сеюмро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумї” пешбарӣ намуд. Инчунин дар сексияи мазкур муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.

Дар ҷамъбаст иштирокчиёни конференсия ба муҳокимаи масъалаҳо гузашта, резолютсия оид ба коференсия таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” қабул намуданд.

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосим Роҳбар ба иштирокчиёни конференсия аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуда, комёбӣ ва бурдбориро таманно намуд.

Конференсия дар фазои дӯстиву бародарӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ баргузор гашта, доир намудани чунин чорабиниҳо дар таҳкими пояҳои дӯстӣ, мубодилаи афкор ва ҳамкории тарафайн ҷиҳати рушди минтақаҳо нақши муҳим мебозад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *