Таҷрибаомузии донишҷуён дар Кумита

Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ донишҷуён аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсими таҷрибаомӯзии пешаздипломии худро гузарониданд. Кумита дар тайёр намудан ва ба нафъи ҷомеа  пешниҳод намудани кадрҳои роҳбарикунанда саҳми худро мегузорад.

Бояд зикр намуд, ки  таҳти сарварии роҳбарияти Кумитаи рушди маҳал донишҷуён бевосита маҳорати роҳбарӣ кардан ва муносибат бо кормандонро меомузанд.

 

Ёдовар мешавем, ки онҳое, ки қаблан дар ин сохтор таҷриба омухта буданд аз тарзи корбарӣ ва омӯзиши амалияи кор бо зердастон ва корафтодагон огоҳ гардида, мактаби таҷрибаомузии Кумитаро яке аз беҳтаринҳо медонанд.