Қосим Роҳбар: “Мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо”

Санаҳои 28 – 30 апрели соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, масъули самти маҳал, роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” баргузор гардида истодааст.

Дар он Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар санаи 29 апрел дар мавзуи: “Мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо”, оиди  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал, тавассути самаранок истифода бурдани иқтидору захираҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияҳои муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои навӣ корӣ, тартиби таҳия, арзёбӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо суханронӣ намуд.

Аз ҷумла ӯ  қайд намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани ин чорабиниҳо мо ба таҷрибаи нави “Идораи давлатӣ дар замони муосир”, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, гуфтугӯ хоҳем кард.

Бояд қайд намуд, ки ҳар нафари мо ҳамчун хизматчиёни давлатӣ дар сохтори давлатӣ дар соҳаҳои худ масъули баранда ва иҷрокунандагони ташаббусҳои неки Пешвои миллат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.