Ҷамъбасти озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе

Санаи 3 апрел соли 2021 дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе ҷамъбасти  озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» аз рӯи чор номинатсия баргузор гардид. Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар номинаи «Боғи беҳтарин» ҷойи 1-умро Боғи ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, зинаи  2-юмро Боғи Устод Рӯдакӣ ва «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ва мақоми  3-юмро Муассисаи давлатии «Боғи ботаникии Тоҷикистон» ва Боғи Куруши Кабир соҳиб гардиданд. Дар номинаи «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсӣ зинаи аввал, гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур ҷойи  дуюм ва гулгашти кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинаи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» — кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ҷойи аввал, кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино мақоми  дуввум, хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зинаи   сеюмро касб намуданд.

Инчунин дар номинаи «Гулпарвари беҳтарин» ҷойи аввал ба муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» Гулнигор Ғаффорова, мақоми  2-юм ба муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» Шариф Шеров ва зинаи сеюм ба Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Таманно Абдуллозода сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин дар озмуни имсолаи шаҳрӣ доир ба эълон шудани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021» барнома доир гардид.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони  вазорату кумитаҳо иштирок карданд. Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китоб баргузор шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.