Ҷаласаи Ҳайати мушовара дар Кумита

Рӯзи 8 июли соли 2020 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовара баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Қосим Роҳбар оғоз намуда, ба хотири аз бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ фавтидагон, инчунин фавти сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумита Саидғуфрони Абдулло лаҳзаи хомушӣ эълон намуд.

Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Салоҳиддинов Солор маълумот дод.

Садри маҷлис Қосим Роҳбар аз сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахши Кумита оид ба рафти иҷрои қарорҳои Ҳайати мушовараи Кумита дар ҷамъбасти соли 2019 ва семоҳаи якуми соли 2020 пурсиш ба амал оварда, вобаста ба таъмини саривақтии дастуру супоришҳо вазифагузорӣ намуд.

Сипас Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо оид ба доир намудани суҳбату вохуриҳо бо аҳолии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими коргузорӣ ва назорат дар Кумита ва бо мақсади тақвияти ҳукумати электронӣ ва омодагӣ ба вазъиятҳои фавқуллодда аз тарафи шахсони масъул истифодаи самараноки таҷҳизотҳои корӣ дар раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахши Кумита  суханронӣ намуд.

Дар фарҷом Қосим Роҳбар вобаста ба иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Кумита ворид мегарданд, дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, вобаста ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал супоришҳои мушаххас дод.