Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
28 декабри соли 2023 дар бинои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.