Мулоқот бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ
2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот карданд.
Дар рафти суҳбати гарму самимӣ масъалаи густариши муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз Вазири давлатии Аморот даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.