Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумита маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода муовини якуми Раис Қурбонзод Бег Хол ва кормандон баргузор гардид.

Кори маҷлисро Раиси Кумита оғоз намуда, зикри он доштанд, ки ҳар сол санаи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент муайян карда шудааст ва ин санаи муқаддас чун рамзи соҳибистиқлолию  муттаҳидии давлат бо шукӯҳу шаҳомат дар қаламрави мамлакат таҷлил мегардад.

Тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки санаи 21-уми июли соли 1994, таҳти № 1042 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он принсипҳои гузарондани интихобот, таъйин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президентро асосӣ қонунӣ бахшид.

Сокинони  мамлакат хуб дар хотир доранд, ки 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида интихоб гардиданд ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд.

Ҳама дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ-ифтитоҳи иншооти бузурги аср – ба фаъолият оғоз намудани ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, роҳу нақбҳо,сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ  шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ доранд.

Боиси ифтихори бузург аст, ки Пешвои муаззами миллат  дар жаҳон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки ба гирифтани медали тиллоии Корпуси байналмиллалии Сулҳ, Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер, ордени алмосдори «Ситораи сарпараст» ноил гардидаанд.

Бори дигар ба ҳузури Шумо мерасонам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда доранд, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшида, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудаанд, ки  ҳар як корманди Кумита вазифадор аст, барои чунин фидокорию заҳматписандӣ дар роҳи бақою шукуфоии давлат ва миллати тоҷикон бо Пешвои муаззами худ ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз рушду пешрафти ҷомеа, фазои орому осуда, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ бо иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои мансабии худ дар пешрафту шукуфоии мамлакат саҳмгузор бошанд.

Дар як вақт мехоҳам чанд андешаи худро нисбати моҳият ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз баён намоям, ки муҳимияти он пеш аз ҳама дар он аст, ки давлати тозаистиқлоламонро аз вартаи ҳалокат раҳо намуд, ба халқу давлат Пешвои ҷасуру далер, дилсӯзи халқу миллат, сиёсатмадори нотакрорро ба арсаи сиёсат овард, сохтори дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшид, заминаҳои устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ба ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат оғоз бахшида, барои қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд. Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис  дод, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонида, ба ваҳдати воқеӣ дар Тоҷикистон замина гузошт, дар мамлакат ба раванди бунёдкорию созандагӣ оғоз бахшид, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам оварда, оғози беҳбудии аҳволи иҷтимоии мардуми кишвар гардид, симои давлати мустақили тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷикон сарнавиштсоз будани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки ба вазифаи Сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан анҷумани ормонҳои миллат, сулҳу ваҳдат, эъмори давлат гардида, маҳз дар ҳамин Иҷлосия сарнавишти минбаъдаи давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон тарҳрезӣ, муайян ва мушаххас гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ- оромӣ ва амният, сулҳу ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва давлат қадамҳои устувор гузошта шуд.

Баъдан мутахассиси раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Рустамов Баҳром ва  мутахассиси шуъбаи таъминиоти ҳуқуқӣ ва назорат Тохтарова Мадина дар мавзӯӣ Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *