Ифтитоҳи парваришгоҳи ҳайвоноти нодир ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия боздид ба амал оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 гектар боғи интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чилдухтарон” боздид намуда, бо ҳолати нашъунамои меваҳои боғ, ки асосан себро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо аснои шиносоӣ бо фаъолияти боғдорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чилдухтарон” бо дарназардошти иқлими мусоид Сарвари давлат ба роҳбарияти ширкат супориш доданд, ки оянда дар баробари боғи интенсивии себ дар масоҳати 3 гектар замин парвариши дарахтони нокро ба роҳ монанд.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 363 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Муъминобод барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалҳои ноҳия ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, рубоҳ, гург,  қашқалдоқ, силовсин ва парандаҳои мухталиф, аз ҷумла лочин, бозу уқоб мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумор ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд.

Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

Ҳудуди парваришгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст ва ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз карда шаванд ва саршумори он сол ба сол афзун гардад.

Иқлим ва боду ҳавои мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Муъминобод имконият медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст парвариш ва нигоҳубин кардан ҳайвоноти нодир ҳамасола ба маротиб зиёд карда шавад.

Ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини ҳайвоноти нодир барои рушд бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити парваришгоҳ, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод таъсис дода шудааст, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намуди саршумори ҳайвоноти нодир, дуруст парвариш кардан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани ҳайвоноти аз хориҷи кишвар воридгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавҷуд будани чунин имконияти табиӣ дар беҳтар намудани гуногунии биологӣ ва ба ин васила бештар намудани навъҳои ҳайвоноти нодир аҳамияти калон дорад. Дар шароит ва мевқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиш ёфтани саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ асосан чормағз, хуч, татум, себи ҷангалӣ ва ғайра хуб нашъунамо ёфта, дарахтони ҳамешасабз муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад.

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар ихтиёри худ 17 ҳазору 423 гектар замин дорад. Шумораи коргарони хоҷагӣ 34 нафарро ташкил дода, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтону гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили чойкаҳак, “буйи модарон”, тахач, пудина, калкутӣ, ҷамилак ва ғайра беш аз 60 нафар ба кор даъват карда мешаванд.

Кормандони хоҷагиҳои ҷангали кишвар дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, инчунин, ба ҷамъоварии меваю растаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой мебошад, машғуланд.

Аз руйи иттилои коргарони Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод айни ҳол дар анборҳо 3 тонна чормағз, 2 тонна меваи хушк, асосан себи ҷангалӣ, 500 килограмм хуч, 100 килограмм татум ва 600 килограмм гиёҳҳои шифобахши чойкаҳак, пудина ва ҷамилаку тахач захира карда шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти табиию хушсифати хоҷагиҳои ҷангал дидан карданд.

Аҳли хоҷагиҳои ҷангал маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла меваҳои тару хушки олучаи куҳӣ, себи ҷангалӣ, хуч, дулонаҳои зарду сурх, зардолу, олучабандак, чормағз, бодоми талхак, зирки зелол, санҷид ва асалро ба маъраз гузоштанд.

Баъди эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар гардидани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди сайёҳии байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Бояд гуфт, ки дар кишвар ҳоло шумораи зиёди мамнуъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсиси ин хоҷагиҳо ва парваришгоҳҳо ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва афзоиш додани онҳо мебошад.

Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва парваришгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардонидани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва дар маҷмуъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад.

Қобили зикри хос аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб кардааст.

Амну субот дар саросари кишвар, рушди бахшҳои муҳим, фаслҳои зебои сол, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, имкон фароҳам меоваранд, ки ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бештар гардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *