Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд
9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид намуданд.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар роҳравҳои марказии он намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардид.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар намоишгоҳи сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзол ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардид.
Ҳунарҳои мардумӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст, оҳангарон, дуредгарон, либосҳои миллии занона ва мардона гушаҳои дигари намоишгоҳро зебу зиннат доданд.
Дар гушаҳои алоҳидаи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун, оши палов, нонҳо ва шириниҳои ҳархела омода ва пешкаш гардид.
Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ барои фароғати меҳмонон барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва баромади ҷавонону наврасони риштаҳои гуногуни варзиш таҳия ва намоиш дода шуд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо дастовардҳои арзандаи сокинони вилояти Суғд, ки дар гушаҳои алоҳида бо нақшу нигор ва тарҳи зебо омода гардида буд, шинос шуданд.
Сокинони вилояти Суғд дар маҷмуъ 1500 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро ба пойтахт оварда, дар намоишгоҳ ба маъраз гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон ва саноатчиёни вилоят суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба афзоиши истеҳсоли маҳсулот, ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бастабандӣ кардани молҳо, истифодаи самараноки заминҳо, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат ҳидоят намуданд.
Дар намоишгоҳ ба масъалаи ҷамъоварӣ, коркард ва ба бозор баровардани нушобаҳою консерваҳо аз меваю алафҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, зеро таъму сифати ин гуна маҳсулоти шифобахш баланд буда, талабот ба онҳо дар бозори ҷаҳон бисёр аст.
Дар роҳравҳои боғ намояндагони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ миқдори зиёди картошка, пиёз, каду, тарбузу харбуза ва меваҷотро пешкаши меҳмонон карданд.
Дар як гӯшаи боғ коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашударо пешкаш намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳичаи навъи “амури сафед” сар доданд.
Дар қисми дигари боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар ин ҷо асосан маҳсулоти гуногуни корхонаҳои саноатӣ, меваю сабзавоти бозорҳои пойтахт ва маҳсули дасти ҳунармандон ба маъраз гузошта шуда, барномаҳои варзишӣ, ҳунарнамоии аҳли фарҳанги пойтахт ва намунаи зебои сару либоси миллӣ пешкаш гардид.
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосию стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ба хотири татбиқи он Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат барои солҳои 2020-2025 қабул гардида, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид.
Бояд гуфт, ки дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноат нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он бояд давоми солҳои 2022-2026 100 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шавад. То имрӯз дар доираи иҷрои ин чорабиниҳо 25 корхона бунёд ва ба истифода дода шуда, бунёди 50 корхонаи дигар идома дорад.
Дар 5 соли охир дар пойтахт бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои татбиқи 5 лоиҳаи инвеститсионӣ 3 миллиард сомонӣ ҷалб карда шудааст.
Дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” дар пойтахти мамлакат сохтмон ва таҷдиду азнавсозии 71 коргоҳу корхонаҳо бо таъсиси 5193 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, соли гузашта 26 корхона ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 10 корхона ба истифода дода шуд. Дар 8 моҳи соли 2023 749 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Инчунин соли 2023 дар корхонаҳои шаҳр 1195 ҷойи кор, аз он 1045 доимӣ, 46 муваққатӣ ва 103 мавсимӣ ташкил карда шуд.
Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти баландсифати корхонаҳои саноати хӯроквории шаҳри Душанбе шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маводи бозоргузар ва таъмини бозорҳо бо он дастуру супоришҳо доданд.
Баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷиҳати ташкили сатҳи баланди намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ баҳои арзанда доданд.
Дар сатҳи баланд баргузор кардани намоишгоҳ нишонаи серию пурии мардуми тоҷик ва фаровонҳосилии зироатҳои ғалладонагӣ, полезӣ ва сабзавоту меваҷот мебошад, ки бо заҳмати марди деҳкон бо истифодаи пурсамар аз заминҳои кишоварзӣ ба даст омадааст.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.