Мулоқот бо 100 нафар ятим ва тақдими тӯҳфа ба онҳо дар шаҳри Хоруғ
17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Бо таваҷҷӯҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуйи сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Чунин муносибати неки Сарвари давлат нисбат ба кудакони ятим хушҳолию фараҳмандии онҳоро афзун менамояд.
Ятимону кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд бо шодиву нишот аз дасти Роҳбари инсондӯсту раъиятпарвар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ҳангоми тақдими тӯҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ба ин матлаб кӯдакону наврасон худро ҳаргиз бесаробон эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят сӯҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, андухтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷӯҳи ҳамаҷониба равона месозад.
Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд.