Ифтитоҳи бинои Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Дарвоз
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами таълимӣ 3-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон сохта шудааст.
Иншоот дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамояд.
Даргоҳи нави маърифат аз 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла биология, химия, физика, математика, синфхонаҳои компютерӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Бинои муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона бо 80 ҷой буда, толори маҷлисии он бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд ёфтааст. Толор дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ мебошад.
Маҷлисгоҳи гимназия бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.
Таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ба роҳ монда шудааст. Назорату идораи таълими хонандагон дар гимназия дар асоси барномаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беназир дониста мешавад.
Дар ин даргоҳи маърифат ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш дар гимназия толори алоҳидаи варзишӣ бунёд ёфта, он барои навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол ва футбол пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар назди бинои таълимӣ майдони алоҳидаи футбол ташкил гардидааст, ки барои гузаронидани тамринҳои гуногун мусоид мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои зебои таълимӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз ёфта, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мактаби сохташавандаи Бадахшон” аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кохи сафед” бо риояи санъати хоси меъмории миллию аврупоӣ ба анҷом расидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои боз ҳам такмил додани дониш ва рушди истеъдоду маҳорати хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз имконияти хуб фароҳам омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд.
Даргоҳи маърифат дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, тариқи он синфхонаҳо дар фасли сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Бунёд ва ба истифода супоридани бинои зебою муҳташами таълимӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи гимназияро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маорифи ноҳияи Дарвоз дар арафаи соли нави хониш арзёбӣ карда, омӯзгоронро ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор сохтани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.
Омӯзгорон дар навбати худ ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Дар ноҳияи Дарвоз айни ҳол 48 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 4200 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 607 омӯзгор ба насли наврас дарс меомӯзад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар ин тадбири созанда саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.