Иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон дар чорабинии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон
Санаи 6 июни соли 2023 Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати иштирок дар 3-юмин семинари минтақавӣ оид ба инкишофи муттаҳидонаи ҷомеа дар асоси номаи муовини дабири кул, намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Раҳманин ба шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон сафар намуданд.
Мақсади асосии семинар таъмин намудани иштирокчиён бо таҷрибаи амалӣ бо системаҳои озуқавории маҳаллӣ, аз ҷумла кишоварзии хурд, боғҳои ҷамъиятӣ, занҷирҳои кӯтоҳмуддати ғизо ва ғайра мебошад.
Ҳадафи ин таҷриба нишон додани алтернативаи аз ҷиҳати экологӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ устувор ба кишоварзии саноатӣ мебошад.
Дар рафти сафар вохӯрӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи маҳаллии рушди деҳот ва омӯхтани лоиҳаи ҳамгирошудаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ баргузор гардида, лоиҳаи истеҳсолот ва савдои кишоварзӣ, инчунин рушди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мавриди омӯзиш қарор гирифт.