Табрики раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи матбуот
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон воситаҳои ахбории омма дар тарғибу инъикоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар ҳалли мубрамтарин масоили сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ чун давлати соҳибмақом нақши муассир ва шоисти таҳсин доранд ва чун сипари боэътимод дар ҳифзи оромиву суботи ҷомеа, тарғиби фарҳангу тамаддуни миллӣ пайваста фаъолият намуда, бо шарофати ҳамдамию ҳамқадамӣ бо аҳли ҷомеа маҳбуби ҳамагон гардидаанд.
Имрўз дар мамлакат теъдоди зиёди рўзномаву маҷалла, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолият доранд, ки бо воситаи онҳо сокинони мамлакат саривақт аз рўйдодҳои дохиливу хориҷи мамлакат огоҳӣ пайдо мекунанд ва рўзноманигорон тафаккури ҷомеаро бо нури хирад ва ҳикмату ҳидояти созандаи худ рушан намуда, аҳли ҷомеаро ба худшиносию худогоҳии миллӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва татбиқи муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ ҳидоят менамоянд.
Эътимод бар он дорам, ки кормандони соҳаи матубот дар тарғиби дастовардҳои халқи азизамон минбаъд низ содиқ ба касби худ фаъолият намуда, мактаби рўзноманигории тоҷикро шукўҳу мақоми шоистаи бештари тарғибу омўзиш эҳдо менамоянд.
Аҳли қалам, рўзноманигорон ва кормандони соҳаи матуботи мамлакатро бо идии касбиашон сидқан табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият ва боиси ифтихор барору кушоиш ва олитарин бахту иқболи некро таманно дорам.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода