Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
27.12.2021 21:00, Россия
27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.
Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намуданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисодӣ Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ карданд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.