Бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод
Таҳти роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба супориши Ситоди ҷумҳуриявӣ баҳри бартараф намудани мавзеъҳои зарардида аз заминларзаи рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли боло, Сумандара, Мазори боло, Мазори поён, Анваробод, Ғанишоб ва Сафедоби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июл то инҷониб корҳои ҳамоҳангсозиро бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бурда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар 58 хонаҳое, ки пурра зарар диданд, корҳои хандақ ковӣ пурра ба анҷом расонида шуда, бетонрезӣ оғоз шудааст. Корҳо анҷомдодашуда тариқи ҳашар бо иштироки волонтёрон аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои ноҳия, шаҳрвандон аз дигар ҷамоатҳои ноҳия ва асосан аз ҷониби сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҷода аз ҷониби намояндагони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни занон ва аҳолии ноҳия корҳои ташвиқотию тағриботӣ бурда шуда истодааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муҳлат оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шуда, 4 муассисаи таълимии зарардида то аввали соли хониши 2021-2022 сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Таъкид бояд кард, ки ба 58 оилае, ки манзили истиқоматиашон пурра хароб гаштааст ба ҳар як оила 10 тонна семент, 10 метри кубӣ тахта, 2 тонна арматур ва 100 дона бомпуш расонида шуд.
Инчунин ба 210 оилае, ки манзили истиқоматиашон қисман зарар дидааст, ба ҳар як оила 5 тонна семент, 5 метри кубӣ тахта, 1 тонна арматур ва 50 дона бомпуш дастрас гардидааст, ки корҳо дар ин самт идома доранд.