ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ КУМИТА
Санаи 5 июли соли ҷорӣ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории назди раиси Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа оиди омодагӣ ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 ва ташкилу баргузор намудани нишасти матбуотӣ дар Кумита суханрони намуд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо дар мавзӯи: “Арзёбии раванди иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 дар ҷараёни иҷрои супоришҳои нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 9 июли соли ҷорӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода, масъулинро вазифагузорӣ намуд.