Машғулияти идоравӣ дар Кумита

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита машғулияти идоравӣ дар мавзуъҳои “Тартиби гузаронидани мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо”ва “Омӯзиши муҳтавои Низомномаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021″баргузор гардид.

Дар чаҳорчубаи ин омузиш Раиси Кумита Қосим Роҳбар таъкид намуд, ки баргузории чунин омузишҳо барои  баланд бардоштани малакаи касбии кормандон кумак мерасонад.

Ҳамчунин кормандон барои таҳлил ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар шуданд.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *