Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ
07.01.2021 14:28, шаҳри Душанбе
7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшида буданд.
Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.
Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст.
Имрӯз ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи алоҳидаи Майдони Истиқлол, ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахт шинониданд.
Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони Истиқлол 11 ҳазор метри мураббаъи он аз руи нақша сабзкорӣ карда мешавад.
Оянда дар ҳудуди Майдони Истиқлол бо ворид кардани дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва ба саломатии инсон фоидаовар аз кишварҳои аврупоӣ, аз қабили дарахтони сӯзанбарг, олу, магнолия, серенаи ҳиндӣ, санавбари қримӣ, секвоя ва дигар ниҳолҳои ба минтақа мутобиқ шинонида мешавад.
То имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Президенти мамлакат ҳамеша мардуми кишварро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накуи аҷдодонамон мебошад, ҳидоят менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки анъанаҳои ибратбахши ниёгони сарфарози мо, аз ҷумла зебоипарастӣ, покизаманишӣ ва заҳматдӯстии онон пайваста ҷаҳду талош менамояд, ки мардуми тоҷик имрӯзу оянда низ рисолати поку ибратомӯзи гузаштагони номдори худро идома диҳанд.
Нақши Президенти мамлакат дар шукуфоии сарзамин тавассути таъсис, ободонӣ ва сарсабз гардонидани гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мевадиҳандаи кишвари маҳбубамон хеле бузург аст.
Натиҷаи ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари сохтмону мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқи баланди зебоипарастӣ ба хотири тарғиби корҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист бунёду барқарорсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, мевадиҳанда ва парваришгоҳҳоро ба роҳ монданд.
Президенти мамлакат бевосита дар маъракаҳои нииҳолшинонӣ ширкат варзида, мардумро ба ин кори пуршараф ҳидоят мекунанд.
Душанбе дар гузашта ҳам боғшаҳр буд, вале бо бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва навсозию ободонии бесобиқаи боғҳои пешина ин шаҳри дилҳо кунун воқеан ба як сабзшаҳр ва ё боғшаҳри камназири дунё табдил ёфтааст. Зеро Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои арзандаи таҳсину офаринро роҳандозӣ намудаанд.
Тайи 10-15 соли охир дар пойтахт Боғи парчами миллӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи устод Рӯдакӣ, боғи назди Китобхонаи миллӣ, боғи Қасри Миллат, боғҳои Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоҳ, Восеъ, Ҷавонон, Кули ҷавонон, Кули Душанбе, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Дӯстӣ, Алишери Навоӣ, Ғалаба, боғи Кӯдакон, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои он ободу зебо гардонда шуда, ба мавзеъҳои сайру гашт ва шодию дилхушии хурду бузурги сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр табдил ёфтаанд.
Ин ҳама иқдому ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллат дар роҳи ниҳолшинонӣ, парвариши боғҳо, гулпарварӣ ва дар маҷмӯъ зебоипарастии он кас ба тарбияи ҳисси зебоидӯстӣ, озодагӣ, покизаманишӣ ва ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз нақши беандоза мегузорад.
Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони Истиқлол шинос шуданд.
Иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.
Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.
Лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст.
Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад.
Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.