Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Рӯзи 4 декабри соли 2020 бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ баргузор гардид, ки дар он олимону мутахассисон фаъолона иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ, рафти гузаронидани мониторинг ва азрёбии барномаҳои рушд, таҳияи барномаҳои навбатӣ, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда дар сатҳи маҳал ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодие, ки ба рушди минтақаҳо равона гаридааст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Инчунин, рафти амалишавии Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” низ муҳокимаронӣ шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2020 62 адад барномаҳои минтақавӣ ба итмом мерасанд. Айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021 – 2025 мавриди таҳия ва тасдиқ қарор дорад.