Ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ дар Кумита
Санаи 15 сентябри соли 2020 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Дар ҷаласа кормандони Кумитаи рушди маҳал, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар қайд намуд, ки Кумитаи рушди маҳал мувофиқи банди 20-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2020 №64 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020” як ҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсия идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия карда, то охири соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд вазифадор гардидааст.
Сипас муовини Раиси Кумита, роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ки ба гурӯҳи корӣ шомиланд, бандҳои лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.