Мизи мудаввар дар Кумита
Санаи 21–уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Дастурамал оид ба эътино намудани фаъолияти кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фаъолони худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии зуроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Салоҳиддинов Солор ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро барои иштирокашон хайра мақдам гуфт.
Сипас намояндаи Лоиҳа оид ба пешгирии ЗО ГОПА\PDV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко дар бораи дастовардҳои лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ чунин гуфт:
Лоиҳа фаъолияташро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013), Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 -2023 (аз 3 майи соли 2014), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 декабри 2015), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 (аз 1 октябри соли 2016) ба роҳ мондааст.
Зӯроварӣ дар оила ин поймолкунии ҳуқуқҳои асосии инсон, ки аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Ҳамин тавр, дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад”.
Бояд ёдовар шуд, ки мизи мудаввар дар асоси барномаи ҳамкорӣ, ки дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст, гузаронида шуд.