«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Тоҷикистон даври аввали ин Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола»-ро дар мамлакат ҷамъбаст намуд. Ғолибони даври аввал барои иштирок ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 26 марти соли равон баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» доир гардид.
Ба ин муносибат дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои ҳоландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зиннатбахши ин макони дилписанд шудаанд. Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун намудааст.
Тазаккур дода шуд, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини якуми роҳбари Гурӯҳи мазкур раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар мебошанд.
Тибқи Низомномаи озмун, даври якум ва дуюми фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор шуда, даври сеюми он дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар озмун бахшҳои «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебанаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин», инчунин намоиши ҳунари мардумӣ, пешниҳоди гуногунрангии либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳод мегарданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Он ҳамзамон амалӣ гардонидани сиёсати пешбарандаи Пешвои миллат оид ба тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳуриро фаро мегирад.
Хотиррасон менамоем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.