Нишасти матбуотӣ дар Кумита
Санаи 28-уми январи соли 2020 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишаст муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Бег Хол, муовини Раиси Кумита Исмоилзода Ёқуб Борон, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Мирзозода Ҷаъфар Манон, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Салоҳиддинов Солор, cардори Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Саидғуфрони Абдулло ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Нишасти матбуотӣ барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаамон бо намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати рушди Ватанамон – Тоҷикистони азиз равона карда шудааст.
Дар охир намояндагони ВАО ба саволҳои додашудаи худ ҷавобҳои қонеъ гирифтанд.