Муҳокимаи лоиҳаи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Кумтаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе 31.01.2019
Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ элон намудани солҳои 2019-2021 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1170 қабул гардидааст.
Дар асоси лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо башида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Кумитаи рушди маҳал вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо кумитаҳои рушди сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон лоиҳаи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомон аз 28 январи соли 2019, №4.4/1-80 як чанд намуди лоиҳаи рамз доир ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” – ро, ки аз ҷониби рассомони Тоҷикистон таҳия гардидааст, ба Кумитаи рушди маҳал пешниҳод намудааст.
Вобаста ба ин, дар Кумтаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 31 январи соли 2019 бо иштироки намонядагони вазорату идораҳои дахлдор бо роҳбарии Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима намояндагони вазорату идораҳои иштирокдошта фикру ақидаҳои худро байён намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа қарор қабул карданд, ки лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи рамзи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бори дигар бо назардошти мавриди омўзиш ва муҳокима қарор дода шуда, дар давоми 1 ҳафта баъди ҷамъбаст гардидани хулоса, лоиҳаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.