Ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и ноҳияи Рӯдакӣ
21.12.2018 10:44, ноҳияи Рӯдакӣ
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.
Бинои мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар мактаби нав асосан аҳолии синни мактабии деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар гузашта бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири илмомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон дорад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад, нақши калон дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав барои хонандагон тӯҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори зебои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.
Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Дар ин мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли зимистон тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, ки зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футбол, баскетбол, валейбол ва теннис бунёд гардидааст.
Дар шафати бинои мактаб ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор бо чуқурии 60 метр як чоҳи амудӣ канда шудааст, ки дар баробари таъмини мактаб сокинони деҳаи Шаҳристон низ аз оби нӯшокии он истифода мебаранд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпеша барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии Ватан, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.