Якумин Форуми роҳбарони минтақаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Рӯзҳои 4-6 декабри соли 2018 дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия якумин Форуми роҳбарони минтақаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Исмоилзода Ёқуб Борон – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилояти Суғд ва Зоҳирзода Умед Тоир – муовини Раиси вилояти Хатлон намояндагии ҷумҳуриро ба ҷо оварданд.