logo

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

                                            

1.      Мудири бахши молиявию баҳисобгирӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1519,00 сомонӣ 

     

Талаботи  тахассусӣ барои довталабон:

 

- таҳсилоти олии касбии молиявӣ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

2.      Сармутахассиси раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал  - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1380,00 сомонӣ 

 

Талаботи  тахассусӣ барои довталабон:

 

- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

3.      Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус  - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1380,00 сомонӣ )

 

Талаботи  тахассусӣ барои довталабон:

 

- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

4.      Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус  - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124,70 сомонӣ 

 

Талаботи  тахассусӣ барои довталабон:

 

- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, техникӣ, иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

5.      Мутахассиси раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924,60 сомонӣ 

 

Талаботи  тахассусӣ барои довталабон:

 

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи  касбии иқтисодӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

 

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси рангаи 3х4, 2 дона 4х6;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;  

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома оид ба андоз аз даромад  ва оид ба вазъи молумулкӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.

 

      Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ-3, индекс:734003, тел.224-71-50,                             www.ldc.tj , e-mail: admin@Idc.tj  Сайт скоро будет доступен

Lost Password