Семинари омузишӣ дар ноҳияи Шуғнон

Рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси    Кумитаи     рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар   ноҳияи Шуғнони ВМКБ семинар-  машварат дар мавзуи “Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот” бо иштироки  роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва  раисони ҷамоатҳои  маҳаллаҳо баргузор гардид.

Семинарро сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумита Мирзозода Ҷафар Манон оғоз намуда дар мавзуъи “Роҳнамо барои таъсисдиҳӣ ва рушди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”суханронӣ намуд.

Сипас  сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумита Саидғуфрони Абдулло оид ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”баромад намуда қайд кард,ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми давлатӣ дар сатҳи  маҳал ба даст омада  аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат ба ин самт далолат медиҳад. Мутобиқан, дар доираи чорабиниҳои стратегӣ масъалаҳои самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо дар Паёми Сарвари давлат ба ҳайси афзалият муайян карда шуданд. Ҳамин сиёсат буд, ки Президенти кишвар солҳои 2019- 2021- ро “Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ”эълон намуд.

Баъдан муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумита Салоҳиддинов Солор дар мавзуи“Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот”баромад намуда, вобаста ба ин масъала оид ба тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  маҳалҳо, татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор  барои иштирокчиён маълумоти мушаххас дод.

Инчунин аз рӯи масъалаи “Роҳҳои амалигардони нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳали  Кумита  Назаров Анвар ибрози андеша намуд.

Дар фарҷом байни ҳозирин аз рӯи масалаҳои баррасишуда ва ҷамъбасти кори семинар суолу ҷавоб сурат гирифт.