ИШТИРОК ВА СӮХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР/РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ БОХТАР

Рӯзи 1 августи соли 2026 дар доираи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, аҳли фарҳангу ҳунар ва ҳунармандони шаҳр баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ дастовардҳои шаҳри Бохтар дар самтҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
 
Дар доираи барнома меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва офаридаҳои косибони маҳаллӣ дидан намуда, аз санъати волои сокинони шаҳри Бохтар баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, барномаи пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳр пешниҳоди тамошобинон гардида, фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро тақвият бахшид.
 
Баргузории Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Бохтар ба муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллати тоҷик мусоидат намуда, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса касб намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *