ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАИ МИНБАЪДА

10 июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Камолиддин Муминзод, сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қурбонзода ва ҳайати васеи кормандон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар нисмолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид.
 
Ҷаласаро раиси Кумита Камолиддин Муминзод оғоз намуда, доир ба таҳкими коргузорӣ, назорат ва натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
 
Сипас гузориши сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Фируз доир ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда шунида шуд.
 
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа аз ҷониби раиси Кумита – Камолиддин Муминзод пурсиши роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳал оид ба фаъолияти анҷомдода дар нимсолаи аввали соли 2026 сурат гирифт.
 
Зимнан, баромади сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қурбонзода шунида шуда, номбурда вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти Кумита пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
 
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба корҳои иҷрогардида раиси Кумита таваҷҷуҳи кормандонро ба камбудиҳои дар фаъолияти Кумита ҷойдошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *