ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР/РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ БОХТАР ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
8 июли соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳал назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии вазифаҳои Паёми навбатии Роҳбари давлат тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ баҳри рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, дар шаш моҳи аввали соли равон нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардиданд.
Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ дар сатҳи 108 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 222 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, қисми даромади буҷет 106 фоиз, воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 104 фоиз ва қисми хароҷоти буҷет бошад, дар сатҳи 99 фоиз иҷро гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисод, молия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон, ободонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо андешаҳои худро иброз доштанд.
Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод зимни суханронӣ ба масъалаҳои иҷрои саривақтии нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашнҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ҳамчунин, барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ, баланд бардоштани сатҳи ободонӣ, тозагии муҳити зист, сабзкорӣ ва таъмини иҷрои босифати нақшаҳои пешбинишуда ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти ҷаласа аз фаъолияти сохторҳое, ки ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд, натиҷагирӣ намуда, ҳамзамон аз масъулон тақозо кард, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои саривақтии нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, суръат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои дарпешистода масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вазифадоранд баҳри татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва рушди минбаъдаи шаҳри Бохтар тадбирҳои муассир андешанд.
Сарчашма: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар







