ВАРАҚАИ МАТБУОТИИ НИШАСТ

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи вазифаҳои низомномавӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

 

Ø Раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо шарофати раванди созандагӣ дар кишвар тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумита ҳамкориҳоро бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда, таҳлили рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин замина, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз 29 ҳазору 518 адад иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоии ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати
1 июни соли 2026-ум 31 ҳазору 377 адад иншоот бо таъсиси 57 ҳазору 151ҷойҳои нави корӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба
106,3 фоизи иҷроиши нақша баробар мебошад.

 

Ø Раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намудани соли 2026

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 тасдиқ гардид, дар ин раванд Кумита дар асоси Амри мазкур ҳайати гуруҳӣ кории ҷумҳуриявӣ, нақша чорабиниҳои баргузории ҷаласаҳои гуруҳӣ кории ҷумҳуриявиро омода намуда ҷиҳати тасдиқ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Дар ин раванд бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдор Кумита корҳои ҳамрҳангсозиро бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда, ҳар семоҳа маълумоти муфассал ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда истодааст.

Ø Баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” аз самти муҳими фаъолият Кумита маҳсуб ёфта, ҷамъбасти Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” барои соли 2026 санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар толори Театри давлатии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки ғолибони фестивал бо мукофотҳои пулӣ, Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва шахсони ташаббускор дар ин самт бо Сипоснома қадрдонӣ карда шудаанд.

Кумита дар ин давра таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 6 майи соли 2022 №АП -188 оиди омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ баргузор намуда, ғолибини озмуни мазкур низ бо мукофотпулӣ ва дипломҳо қадршиносӣ карда шудаанд.

 

Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2026-2030

Кумита дар ин давра оид ба натиҷаҳои мониторинги барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди барои солҳои 2021-2025 ҳисоботҳоро аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст карда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал”  дар соли 2025 ва  семоҳаи аввали соли 2026-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд.

 

Ø Самти равобити байналмилалӣ

Кумита  бо мақсади роҳандози намудани ҳамкориҳои байналмилаӣ дар самти рушди маҳал тибқи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи хориҷи дуру наздик 42 созишномаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкориро (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 адад, вилояти Суғд 16 адад, вилояти Хатлон 23 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 адад санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилаӣ бо кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озорбойҷон, Белорус, Туркманистон, Ҳиндустон, Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Давлатии Қувайт) ба имзо расонидааст, ки мавриди амал қарор доранд.

Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Кумитаи рушди маҳал оғоз аз соли 2021 то инҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея 6 маротиба курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 4 деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои рушди инфрасохтор барои давраи солҳои 2024-2028 бо маблағи умумии буҷетӣ 440 ҳазор доллари ИМА амалӣ намуда истодааст, ки то ин замон деҳаҳои дахлдор тибқи меъёрҳои пешниҳодгашта интихоб гардида, марҳилаи аввал ва дуюми амалишавии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонида шуда, соли ҷорӣ корҳо дар самти амалишавии марҳилаи сеюми лоиҳа оғоз гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш амалӣ гардида истодааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *