НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 7 ИЮЛИ СОЛИ 2026

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2026, №26/10-814 нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 санаи 7 июли соли 2026, соати 08:00 дар бинои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, ошёнаи 3 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди маҳал, кормандони он ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 7 июли соли равон аз соати 07:30 оғоз мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *