Табрикоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!
 
Боиси хушнудист, ки мардуми саодатманди кишвар 29-умин солгарди Ваҳдати миллиро зери таассуроти воқеаҳои фараҳбахш ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонӣ – Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ истиқбол мегиранд.
 
Маврид ба зикри хос аст, ки Ваҳдати миллӣ бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давраи гуфушунид, ки дар солҳои 1994 то 1997 анҷом ёфт, тавассути баимзорасонии “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба даст оварда шуда, он давлатро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошта, мамлакатро ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид намуда, ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа таҳким ёфта, он ба яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик бо роҳбарии Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, якпорчагии хоки Ватан, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гулгулшукуфии миллату Ватанро таъмин намуд.
 
Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати мо аст, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, ҳадафи асосии он ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкорӣ, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ даъват намуда, мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
 
Тавре қайд гардид, имсол Рӯзи ваҳдати миллиро мардуми сарбаланди кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоянд, аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи ҳамдиёрони азизро бо Ҷашни миллӣ табрик намуда, ба ҳамаи Шумо сиҳатию саломатӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
 
Ҷашн муборак бошад Ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *