Ҳамоиш оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)»
Санаи 27 июни соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод ҳусни оғоз бахшида дар баромади худ аҳамияти таърихии қабули қатъномаи мазкурро ва нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи ҷаҳонӣ барҷаста ва бесобиқа арзёбӣ намуда, ин ташаббусҳо барои таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таъмини амнияти сайёра заминаи мусоид мегузоранд.
Бо итминони комил қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташаббус на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ дорад.


