АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ ВА БУЗУРГДОШТИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ИЛМУ ФАРҲАНГ

26 июни соли 2026 бо ибтикори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои тарбиявию маърифатӣ, роҳбарият ва кормандони Кумита ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Ҳадафи ин иқдом арҷгузорӣ ба хотираи фарзандони фарзонаи миллат, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи таърих, илму фарҳанг ва таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Зимни боздид ба оромгоҳҳои Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад гулдаста гузошта шуда, хотираи неки онҳо пос дошта шуд. Таъкид гардид, ки ин шахсиятҳо бо хизматҳои бузурги худ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва пояҳои истиқлол саҳми мондагор гузоштаанд.
Ин гуна иқдомҳо ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангиву маънавии давлат ба таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.


