БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ «НАВО»

Дар доираи боздид аз иншооти муҳими хизматрасонӣ ва савдо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод аз фаъолияти Маркази тиҷоратии «Наво», воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, дидан намуданд.

Зимни боздид меҳмонон бо шароити фароҳамгардида барои соҳибкорон, намуди хизматрасониҳо, сатҳи таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти гуногун ва имкониятҳои муҳайёшуда барои харидорон аз наздик шинос шуданд. Масъулини марказ иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур дар беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сокинон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузорад.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод қайд намуд, ки рушди инфрасохтори савдо ва хизматрасонӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодии шаҳр ба ҳисоб рафта, барои дастгирии соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *