НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ РАФТИ БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ МАЙДОНЧАИ ФУТБОЛ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №8 ДИДАН НАМУД

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар дар идомаи боздиди иншоотҳои ҷашнии шаҳри Бохтар аз рафти бунёди бинои иловагӣ ва муаррифии лоиҳаи майдончаи футбол дар назди муассисаи таълимии №8 дидан намуданд.

Зимни боздид аз Муассисаи таълимии №8 дар шаҳри Бохтар ба корҳои сохтмонии бинои иловагӣ, ки барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, оғоз бахшида шуд. Иншооти мазкур бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои хонандагон бунёд гардида, дар оянда ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон, ба масъулин ва иштирокдорон лоиҳаи бунёди майдончаи хурди футбол дар назди муассисаи мазкур муаррифӣ карда шуд. Татбиқи ин лоиҳа барои рушди варзиш миёни наврасону ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулиятҳои варзишӣ аҳамияти муҳим дорад.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *