БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР МАҲАЛЛАИ «ДӮСТӢ»

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ва раиси шаҳри Бохтар дар идомаи боздиди сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Бохтар дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур барои 2480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳо, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия таъмин хоҳад шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо суръати баланд идома дошта, масъулин ба сифати корҳои иҷрошаванда ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоридани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ барои беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон аҳамияти муҳим дорад.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *