БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави Раёсати давлатии оташнишонии дар шаҳри Бохтар боздид ба амал оварданд.
Зимни шиносоӣ масъулин аз рафти корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати иҷрои корҳои бунёдӣ ва муҳайё намудани шароити муосири хизматӣ барои кормандони соҳа иттилоъ гирифтанд. Таъкид гардид, ки иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Ба масъулин ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар




