БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ЯХМОС

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод аз фаъолияти корхонаи истеҳсолии яхмосҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё+М» боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид масъулин бо раванди истеҳсолот, шароити кору фаъолияти кормандон, иқтидори истеҳсолӣ ва сифати маҳсулоти корхона аз наздик шинос шуданд.

Қайд гардид, ки корхонаи мазкур дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас дошта, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардааст.

Масъулин ба роҳбарияти корхона ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тавсияҳои мушаххас доданд.

**Аксҳо аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар**

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *